Боғҳои интенсивӣ-талаби замон

Декабрь 30, 2014 09:28

Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ҳотами  Шариф).- Афзоиши аҳолӣ, талаботи бозор, кам будани замини обӣ, тағйирёбии иқлими  сайёра водор менамояд, ки  барои боз ҳам самарабахш истифода бурдани майдонҳои боғу токзор тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, олимону мутахассисони соҳаи боғу токпарварии ҷумҳурӣ кӯшиш доранд, ки рушди соҳаи мазкурро бо таҳия ва татбиқи технологияи ҷадид ба роҳ монанд.Олимон дар асоси барномаҳои гуногуни кишоварзӣ  дар хоҷагии деҳқонии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон, хоҷагии деҳқонии “Нурмаҳмад”-и ноҳияи Ҳисор ва хоҷагии ниҳолпарварии “Искич”- и ноҳияи мазкур боғҳои  интенсивӣ бунёд намуданд.
Мавриди зикр аст, ки  фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу тоғпарварӣ барои солҳои 2010- 2014” пурра ва барзиёд иҷро гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 

Декабрь 30, 2014 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд