Бо чиптаи қалбакӣ ба зиндон рафт
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Суди шаҳри Ваҳдат сокини ин шаҳр- Дилафрӯз Алиеваро шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.Сайти расмии суди шаҳри Ваҳдат зимни пахши ин иттилоъ менависад, ин зан корманди бахши фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоҳо дар шаҳри Ваҳдат буда, барои фурӯши чиптаҳои қалбакӣ боздошт шудааст.Таҳқиқоти парванда дар ин замина мушаххас кард, ки вай бо омода кардани се чиптаи тақаллубии ҳавопаймо ҳудуди панҷ ҳазор сомонӣ ба даст оварда, бо ин кирдораш ба Ҳусейн Холмуродов, Умедҷон Алимардонов ва Қарахон Зоиров хисороти молӣ ворид кардааст.Судяи суди шаҳри Ваҳдат Дилафрӯз Алиеваро тибқи моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон равонаи зиндон карда, ҳамчунин барои се сол аз ҳаққи фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум кардааст.Д. Алиева дар зимистон ва баҳори соли ҷорӣ чиптаҳои ҳавопайморо ба се сокини кишвар фурӯхта, дар натиҷа онҳо, ки қасди парвоз ба Русияро доштанд, аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе бозпас гардонида шудаанд.Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳодиса дар Тоҷикистон аст, ки барои фурӯши чиптаҳои қалбакӣ нафареро равонаи зиндон мекунанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






