Боздиди Қ. Расулзода аз зеристгоҳҳои барқии Данғара
Душанбе, 05.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо вазъи иншооти обрасон, зеристгоҳхои барқӣ ва ҷараёни азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия шинос шуд.
Аснои шиносоӣ асосан барои беҳдошти вазъи обрасонӣ дар иншооти пешбинишуда ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани онҳо, инчунин таъмини фаъолияти бенуқсони иншооти энергетикии ноҳия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуд. Тавре ки таъкид гардид, тадбирҳои асосӣ барои азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия ва бунёди иншооти дигари саноатию истеҳсолӣ амалӣ мешаванд ва барои ин бояд ҳолати хуби кории иншооти обрасон ва фаъолияти бенуқсони зеристгоҳҳои барқӣ таъмин шаванд.
Аснои боздид роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарону масъулони вилоят ва ноҳия барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои пешбинишудаи азхудкунии заминҳо ва беҳдошти ҳолати кунунии иншооти барқу обрасон вазифадор гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






