Боздиди геологҳои Тоҷикистон аз минтақаи мухтори Уйғур
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш гурӯҳи мутахассисони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ бо роҳбарии муовини сардори раёсати мазкур М. Абдуллоева аз минтақаи мухтори Синҷону Уйғурии Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд.
Тавре ки аз Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати мазкур бо фаъолияти коргоҳу корхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ТВЕА шинос шуда, аз рӯи натиҷаи боздид мизи мудаввар баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати гурӯҳи корӣ як донишҷӯи пешқадами факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ шомил буд.
Мақсад аз сафари ҳайат такмили малакаҳои касбии мутахассисони бахши геология буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






