Боздиди Орумбекзода аз қароргоҳи ЭКО

Декабрь 2, 2014 11:33

Душанбе, 02.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Шамсиддин Орумбекзода -вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф-раиси Муассисаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон мулоқот кард. Дар мулоқот  оид ба масоили тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва муассисаи мазкур табодули назар сурат гирифт.
   Шамсиддин Орумбекзода омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати  ҳамкории фарҳангию ҳунарии созанда ва муфид дар доираи муқаррарот эълом намуд. Мавсуф гуфт, ки соли оянда Тоҷикистон мизбони нишасти вазирони фарҳанги узви аслии Муассиаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) бо шумули Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон хоҳад буд. Ш. Орумбекзода афзуд:  Тоҷикистон омода аст дар баргузории нишасти бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ — ориф ва мутафаккири барҷаста ва 3000-солагии Ҳисор бо Муассисаи фарҳангӣ ва аъзои он ҳамкорӣ намояд.
   Ифтихор Ҳусейн Ориф низ дар навбати худ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви аслӣ барои муассиса дар авлавият қарор дорад ва ба пешниҳодоти созандаи тарафи Тоҷикистон эҳтироми вижа қоил аст.
   Назар ба иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо -коршиноси тоҷик дар умури фарҳангии  ЭКО мулоқоти мазкур дар ҳошияи даҳумин иҷлосияи вазирони фарҳанг ва иттилоърасонии кишварҳои исломӣ баргузор гардид.
   Дар нишаст, ки  Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар ҶИЭ ҳузур дошт, аз фаъолиятҳои Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) тақдир ва тамҷид намуда, таъкид дошт, ки Сафорати Тоҷикистон мисли ҳамеша дар таҳкиму тақвияти муносибатҳои фарҳангӣ ҳамкорӣ хоҳад намуд.
 
 

Декабрь 2, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд