Боздиди Президент аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Декабрь 26, 2014 13:33

 
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Дар оғози боздид аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави толори варзишии онро ифтитоҳ намуд.
Тавре аён гардид, ин бинои зебою барҳаво аз толори калони универсалӣ, толори хурди обутоби бадан бо таҷҳизоти варзишӣ ва толору утоқҳои ёрирасон ба мисли ҷойи ивази либос, гармоба, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра иборат буда, бо истифода аз масолеҳи муосири сохтмонию таҷҳизӣ ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ бунёд ёфтааст.
Дар саҳни ҳавлии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди гӯшаи ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни номдори соҳа гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.
Дар толори калони маҷлисии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар оғози он Сарвари давлат суханронӣ намуда, аҳли толор ва тамоми кормандону собиқадорони ин соҳаро бо иди касбиашон шодбош гуфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои бешумори кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар солҳои гузашта ёдовар шуда, насли имрӯзи ин мақомотро ба сабақомӯзӣ аз саҳифаҳои ибратбахши таърихи пуршарафи ин соҳа ва ба хизмати содиқона ва далерию матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ҳидоят намуд.
Омодасозии босифати кадрҳои соҳа, пайваста баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон ва сохторҳои махсус ва муборизаи беамон бо ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, хусусан терроризму ифротгароӣ, ки аз хатарҳои асосии ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ номида шуд.
Бо изҳори қаноат аз боздошти чандин гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиётҳои мудҳишро дар ҳудуди Тоҷикистон доштаанд, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро ҳамчунин бо арафаи соли нави мелодӣ табрик гуфта, таъкид дошт, ки дар ин рӯзҳо аҳли оилаи кормандони қурбоншудаи соҳаро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ бояд намуд, то ки дар хонадони онҳо низ фазои идона ҳувайдо бошад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин чанде аз кормандони ҷавону ояндадори соҳаи амнияти миллӣ сухан гуфта, ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии пайваста аз ин мақомот арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Ҷамъомади тантанавии бахшида ба ҷашни касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ бо намоиши барномаи фарҳангии идона ба поён расид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 26, 2014 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт