Боздиди раиси ПСС Тоҷикистон аз намоишгоҳи Милан
Душанбе, 09.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 8 декабр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид аз намоишгоҳи Х1Х байналмилалии маснуоти косибии шаҳри Милани Италиё боздид намуд. Дар кори ярмарка беш аз 3 ҳазор нафар намояндагони 113 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Дар намоишгоҳ нуқраю тилло, асбобҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, армуғон, чинӣ, маснуоти нассоҷӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шуда буданд. Дар ҳошияи намоишгоҳ перомуни барқарор намудани равобити нав барои таҳқиқи имконоти якдигар, дарёфти сармоягузорон ва табодули иттилоот мулоқоту гуфтушунидҳо баргузор шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






