Боздиди Ш.Саид аз корхонаҳои саноатии Италиё
Душанбе, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Перуҷии Италиё аз бархе корхонаҳои саноатӣ дидан карда, бо раиси ширкати Vernipol гуфтушунид кард. Ширкати мазкур ба истеҳсоли таҷҳизоти санитарию техникии беморхонаю дармонгоҳҳо машғул аст.
Тавре ки аз ПСС ҶТ хабар доданд, Шариф Саид бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот муфассал шинос шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон хоҳони ба кишвар ворид намудани таҷҳизоти хушсифати муосири тиббӣ, аз ҷумла таҷҳизоти санитарию компютерӣ, томографҳои магнитӣ, рентгенҳои сайёр, озмоишгоҳҳои тиббӣ барои муоинаи беморон мебошад.
Раиси ПСС ҷумҳурӣ ҳамчунин бо президенти корхонаи ISA- и Италиё Ҷаноби Ҷулетти гуфтушунид намуда, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва технологияҳо шинос шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба таъсиси корхонаи муштараки тавлиди яхдон зарурат дорад.
Корхонаи ISA беш аз 40 сол аст, ки ба тавлиди яхдон ва таҷҳизоти он барои қаҳвахонаю тарабхона ва мағозаҳо машғул буда, дар бозори ҷаҳон мавқеъҳои пешқадамро касб намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






