Боздиди Ш.Саид аз ширкатҳои Италиё
Душанбе, 05.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҷараёни сафари кориаш ба маркази маъмурии вилояти Умбрия шаҳри Перуҷии Италиё бо президенти Ассосиатсияи соҳибкорони HANDCRAFT ҷаноби Моретти мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаноби Моретти соҳиби ширкати косибии истеҳсолкунандаи маснуоти сафолӣ ва маснуоти гуногун мебошад.
Раиси ПСС ҶТ маҳорату санъати косибони Италиёро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки маҳсулоти онҳо ҷузъи муҳими мероси фарҳангии Италиё маҳсуб меёбанд.
Шариф Саид ҳамчунин аз ширкатҳои италиёие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти бандубасткунӣ аз картон барои маводи ғизоӣ машғуланд, боздид намуда, сатҳу сифати баланд ва афзалиятҳои техникии маҳсулоти бандубасткунӣ, зебоӣ ва технологияи муосири онро қайд намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






