Боздиди Ш.Зуҳуров аз Кангурт

Декабрь 29, 2014 15:13

Душанбе, 29.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи Соли нави мелодии 2015 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик дидан намуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар тарбиятгирандаи ин мактаб кумакҳои хайрия, аз қабили либосҳои гарми зимистона, компютерҳои тамғаи нав, телевизору яхдон, қолину чангкашак, мошини ҷомашӯӣ, мизу курсӣ, 1000 адад китоби дарсӣ, дафтару қалам ва туҳфаҳои солинавӣ такдим намуд. Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ дар назди тарбиятгирандагони мактаб- интернат гуфт, ки Президенти мамлакат пайваста таъкид менамояд, ки кумак ба ятимону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат вазифаи доимии ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ, инчунин соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша мебошад. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем, зеро ташаккули шахсиятҳои шоистаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи донишу таҷрибаи устодон, донишу саводнокии толибилмон ва умуман фаъолияти мураттаби муассисаҳои таълимӣ вобастагии калон дорад. Зикр шуд, ки бо маблағгузории ҳукумати кишвар дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик 46 муассисаи таълимӣ, 3 боғчаи бачагона, як мактаб-интернат ба истифода дода шудааст. Соли равон хобгоҳи бинои интернат пурра ба истифода дода шуда, сохтмони мактаб барои 150-нафар дар хонаи бачагони Тагобчӣ ва сохтмони мактаб барои 120 нафар дар ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев, сохтмони мактаб барои 220 нафар хонанда дар ҷамоати деҳоти ба номи «Бобо Юнус» пурра ба анҷом расидааст. 14 мактаби миёнаи ноҳия аз нав сохта шудааст ва 10 мактаби калонтарини ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Соли 2015 сохтмони боз 4 мактаби нав шурӯъ мешавад. Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлати номидааст, бинобар ин ҳар як масъули бахши иҷтимоӣ вазифадор аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир намояд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва махсусан ба оғози соли нави хониши соли 2015 ва мавсими зимистони дарпешистода омода намудани онҳо тадбирҳои доимӣ андешад. Ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама, барои рушди минбаъдаи ноҳияи Темурмалик, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зиндагии сокинони он равона гардидаанд. Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ноҳияи Темурмалик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд гардида, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон торафт беҳтар шуда истодааст. Бо истифода аз ширкати роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулону фаъолон Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки робитаи худро бо мардум мустаҳкам намоед, доир ба ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолӣ чораҷӯӣ кунед ва дар самти пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб тадбирҳои судманду қонунӣ андешед. Дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба собиқадори соҳаи маориф, муаллимаи мактаб-интернати мазкур Хадича Иқболова, ки тамоми умри пурбаракати худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин бо хоҳиши вазири маориф ва илми кишвар ба директори мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик Фаррух Қувватов нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро тақдим намуд.

Декабрь 29, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад