Бозгашти собиқ Президент ба сиёсат
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои ҳизби «Иттифоқи ҳаракати мардумӣ»-и Фаронса собиқ президенти Фаронса Николя Саркозӣ расман ба арсаи сиёсат баргашта, роҳбари ҳизби «Иттифоқи ҳаракати мардумӣ» интихоб гардид. Бояд гуфт, ки дар даври якуми интихоботи дохилиҳизбӣ Николя Саркозӣ 64,5 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буд. Гуфтан ба маврид аст, ки раъйдиҳии дохилиҳизбӣ тавассути интернет сурат гирифта, дар он рақибони Саркозӣ шикаст хӯрданд.
Душанбе,02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си ҳафтаи равон дар пойтахти Миср — шаҳри Қоҳира садҳо нафар ба кӯчаҳо баромада, даст ба ошӯб ва бетартибиҳо заданд. Дар натиҷа миёни тазоҳуротгарон ва кормандони мақомоти полис задухӯрди шадид ба амал омад, ки бар асари он панҷ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Мувофиқи иттилои расида, ташкилкунандагони бетартибӣ намояндагони ҳаракати фаъолияташ дар Миср мамнӯи «Ҷабҳаи салафиҳо» ва «Ихвон-ул- муслимин» дар ин амалҳои ҷиноӣ даст доранд.
Душанбе,02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Афғонистон дар пайи амалиёти кормандони қудратии кишвар, ки дар ҳудуди вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд, Лугар ва Ғазнӣ гузаронида шуд, 38 мухолифи мусаллаҳи давлат безарар гардонида шуда, чанд нафари дигар захмӣ гардид. Гуфта мешавад. ки як миқдори муҳимоти ҷангӣ низ дарёфт ва мусодира шуд.
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар».- Дар натиҷаи қарори намояндагони узви созмони кишварҳои содиркунандаи нафт — ОПЕК арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боз ҳам коҳиш ёфт. Аз ҷумла, нархи навъи «Брент» 70 доллар хариду фурӯш мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо 12 кишвари узви ОПЕК 40 дарсади «тиллои сиёҳ»-и ҷаҳонро истихроҷ менамояд, ки ин ба 30 миллион баррел дар як шабонарӯз баробар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






