Бозии «Истиқлол»-у «Ваҳдат» дар Ҷоми АФК-2015
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар бар асоси қуръакашӣ, ки дирӯз дар қароргоҳи АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур, баргузор гардид, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «С” бо тимҳои «Ал-Қудсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, «Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Уммон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар қуръакашии Ҷоми АФК-2015 намояндагони 41 даста, ки 23 федератсияи миллиро намояндагӣ карданд, ширкат доштанд. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 24-уми феврал то 13-уми май соли 2015 баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ба ҷуз «Истиқлол» дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш — бошгоҳи «Шайх Рассел» — мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 — бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






