Бозии тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D”
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тақвими бозиҳои даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» тасдиқ шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” 27-уми март бо тими мунтахаби ҷавонони Яман, 29-март бо дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб ва 31-уми март бо тими Шри-Ланка рақобат мекунад. Бозиҳои сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 27-ум то 31-уми марти соли оянда баргузор мегардад. Вале макони баргузории сабқати гурӯҳи «D” то ҳоло маълум нашудааст. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпӣ хабар додааст, дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст. Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони бозиҳои қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






