Бунёди иншоот дар Кӯлоб
Кӯлоб, 11.12.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо маблағгузории ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон як силсила иншооти ниёзи мардум ба истифода дода шуд.
Беморхонаи ноҳиявии рақами 1 дар ҷамоати деҳоти Зарбдор солҳои тӯлонӣ дар фасли зимистон аз сабаби сард будани ҳуҷраҳо ва утоқҳои кории табибон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ буд ва инак ин беморхона бо маркази мустақими гармидиҳӣ таъмин шуд.
Корҳои сохтмониро ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонид. Дар маҳаллаи Умари Хайём нарасидани оби нӯшокӣ мушкили асосии сокинон ба ҳисоб мерафт ва бо маблағузории ҳукумати шаҳри Кӯлоб корхонаи обу корез тавонист беш аз 120 оиларо бо оби нӯшокӣ таъмин намояд.
Гуфта мешавад дар маркази шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соҳибкорони маҳаллӣ маркази савдоро мавриди истифода қарор доданд, ки минбаъд сокинону меҳмонон имкон доранд аз ин марказ қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва маводи хӯрокӣ харидорӣ намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






