Бунёди иншооти маданӣ дар Восеъ
Душанбе, 31.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо дастгирии дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Қасри фарҳангии ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ тачдиду навсозӣ ва бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои тачдиду навсозии иншоот 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Шаҳриёр- сохтмон» бо ҷалби 500 нафар мутахассис ба анчом расонид.Бояд зикр намуд, ки барои иншооти мазкур ба маблағи 356 ҳазор сомонӣ таҷҳизот харид шудааст. Дар иншоот толори маҷлисӣ барои 360 ҷои нишаст, утоқҳои корӣ, китобхонаи замонавии муҷаҳҳаз бо компютеру принтерҳо, осорхонаи қаҳрамони меҳнат Миралӣ Маҳмадалиев ҷойгир аст.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






