Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир ба мавзӯи “Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ” 12 декабри соли равон баргузор мегардад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки баргузории конфронс бо ташаббуси “Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон” сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки чорабинӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ташкил мешавад.
Мақсади ниҳоии конфронс таҳияи методологияи миллӣ оид ба ченкунӣ ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ (табақаи миёнаи аҳолӣ) маҳсуб меёбад. Ба кори конфронс тамоми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин коршиносони байналмилалию дохилӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ даъват мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






