Чор медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи Гонконг
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Гӯштингирони тоҷик дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон дар Гонконг чаҳор медал — се нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқа 322 варзишгар аз 22 кишвар ширкат дошт.
Дар сабқати кадетҳо Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг бо медали нуқра ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гардид. Дар сабқати наврасон Аминҷон Ҷалолов дар вазни то 90 кг ва Санавбар Шанбиев дар вазни беш аз 90 кг бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Ҷопон ғолиб шуд. Дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Муғулистон дар ҷойҳои дувуму севум қарор гирифтанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, мақоми 8-умро касб кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






