Чорабинии идона дар «Меҳрона»
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар кӯдакистони “Меҳрона”-и шаҳри Чкалов ба муносибати Рӯзи байналмиллалии маъюбон, ки ҳамасола 3-уми декабр таҷлил мегардад, чорабинии идона багузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов-Наргис Абдувоҳидова ва Ҷамолиддин Икромиддинов, мудири шуъбаи маорифи шаҳр дар чорабинӣ иштирок намуда, аз номи раиси шаҳр Рухсора Давлатзода кӯдаконро табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи маорифро тақдим намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар кӯдакистони “Меҳрона” 12 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд ройгон ба таълим фаро гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






