Чорабинии тарбиявию маърифатӣ дар ДДХ
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят чорабинии тарбиявию маърифатӣ доир гардид.
Тавре ки аз Маркази иттилооти донишкада иттилоъ доданд, дар чорабинӣ дар бораи тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва ташкилкунандаи таассуби динӣ сухан рафт.
Зикр шуд, ки Раёсати донишгоҳ бо ҷалби олимони ҷомеашинос ва коршиноси факулта ва кафедраҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ, олимон ва муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба пайдоиши зуҳуроти бегонашавӣ ба бегонапарастӣ дар байни ҷавонон, оқибатҳои гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва таъсири хатарноки онҳо ба ҷаҳонбинии донишҷӯёну омӯзгорон гурӯҳҳои таҳлилӣ- иттилоотӣ таъсис додааст, то пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






