Дар 11 моҳ 21 нафар дар садама ҷон бохт
Хоруғ, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар, Файз Мирасан).-Дар чанд моҳи охир дар роҳҳои мошингарди ВМКБ шумораи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозатномаи махсуси Бозрасии давлатии автомобилӣ ва муоинаи техникӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар натиҷаи чунин қонунвайронкуниҳо ҳар моҳ даҳҳо садама рух дода, бар асари он одамони зиёд ё ҷароҳат мебардоранд ва ё ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар 11 моҳи соли равон аз рӯи иттилои Маркази матуботи раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 38 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 21 кас ба ҳалокат расид, ки бештари он ҷавон мебошад. Дар ин садамаҳои нақлиётӣ 82 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар ин давра даҳ ҳазору чорсаду бистуҳашт қоидавайронкунии ҳаракати роҳ муайян шуда, нисбат ба нуҳ ҳазору пансаду шаст нафар ба маблағи 224 ҳазору 410 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷаи давлат супурда шуд.
Нисбат ба ин гуна ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёташон дар майдончаи ҷаримаситонӣ маҳкам данд, ки ҳоло шумораашон то ба 50 адад расидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






