Дар Маскав маркази муҳоҷират ба кор медарояд
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Асрор Одинаев бо муовини раиси шаҳри Маскав оид ба масоили сиёсати иқтисодӣ ва амволу замин Наталя Сергунина баргузор гардид.
Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар бахши иттилоот ва ташкили аз соли 2015 барои гирифтани иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар маркази муҳоҷират қабул намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Назар ба хабари котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, барои иҷрои самарабахши вазифаҳои раванди ба шаҳрвандони вориди Федератсияи Русия шуда додани ҳуқуқи иҷрои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Маскав муассисаи давлатии буҷетии «Маркази муҳоҷират» ба кор шуруъ мекунад.
«Мақсади асосии маркази мазкур иборат аз таъмини шаҳрвандони хориҷӣ бо иҷозатномаҳо мебошад. Ғайр аз ин маркази мазкур шаҳрвандони хориҷиро бо хидматрасонии тиббӣ ва муайян намудани сатҳи донистани забони русӣ ва донишҳои дигар таъмин менамояд», — гуфт Наталя Сергунина.
Ба гуфтаи Асрор Одинаев, ташкили чунин марказ ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад, ки дар ҷараёни қонунигардонии фаъолият вақту маблағро сарфа намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






