Дастгирии аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон идома дорад
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар охири моҳи ноябри соли равон 9,37 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ин маблағ 54,9 фоиз (5,1млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 45,1 фоиз (4,2 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,70 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,32 фоизи солона баробар шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,71 фоиз ва 0,39 фоиз паст мебошанд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ баробари зиёд гардидани талабот раванди афзоишро ба худ касб намуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,4 фоиз зиёд шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 1,03 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки афзоиши он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 фоизро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






