Дастгирии Иттиҳоди Аврупо аз амнияти радиатсионӣ
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Мутобиқи санади “Мусоидат ба сулҳу субот” Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи дарозмуҳлатро оид ба тақвияти имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорати бехатарии радиатсионии марзҳои он маблағгузорӣ хоҳад кард. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақомоти расмии Тоҷикистон шаш нуқтаи марзиро ҳамчун нуқтаи асосӣ (дар шоҳроҳҳо ва роҳи оҳан) муайян кардаанд, ки дар онҳо мониторҳои сайёри радиатсионӣ гузошта мешаванд. Тавассути ин мониторҳо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ва интиқоли тасодуфии онҳо ошкор мешавад.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳа таҳвили озмоишгоҳи сайёри муҷаҳҳаз бо асбобҳои дақиқ барои андозагирӣ ва таҳлили моддаҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст. Озмоишгоҳи мазкур дар сатҳи минтақавӣ ба кор андохта шуда, ба коршиносон дар масъалаи таҳқиқи моддаҳои радиоактивии дарёфтшуда кумак хоҳад кард. Инчунин лоиҳа омӯзиши истифода ва хизматрасонии техникии ин таҷҳизотро барои кормандон пешбинӣ менамояд. Моҳи декабри соли 2013 Комиссияи Аврупо ва Маркази муттаҳидаи таҳдқиқотӣ барои намояндагони Тоҷикистон (20 нафар шахси мансабдори сатҳи олӣ) дар Маркази таълимии Иттиҳоди Аврупо оид ба бехатарии ядроӣ дар шаҳри Испра (Италия) якчанд дарсҳои омӯзишӣ (тренинг) доир намуданд.
Мутобиқи лоиҳаи мазкур гирандаи ин таҷҳизот Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, истифодабарандагони ниҳоии он-Хадамоти гумрук ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошанд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмуне, ки дар доираи ин лоиҳа эълон гардид, 1 декабр Комиссияи Аврупо ва ширкати ғолиб — таҳвилгар барои таҳвили таҷҳизоти номбурда (бо арзиши 1,5 млн. евро) қарордод ба имзо расониданд. Насб ва ба кор андохтани таҷҳизот, аз ҷумла дарсҳои омӯзишӣ (тренинг) як сол давом мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






