Дастгиршавии донишҷӯ бо маводи тарфгарӣ
Хуҷанд, 19.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар боз як ҳолати фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ошкор шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсупов иттилоъ дод, 17 декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалов З. Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов дастгир гардид. Зимни боздошт аз ӯ 10 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Ба гуфти манбаъ, нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






