Дастгиршавии мошиндузд дар Суғд
Хуҷанд, 2.12.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд аз тарафи кормандони милитсияи вилоят боз як ҳодисаи рабудани мошини сабукрав ошкор шуд.Тавре ки ба АМИТ “Ховар ” корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд М. Юсупов хабар дод, шоми 29 ноябри соли ҷорӣ ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара-2 сокини 25- солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Бахтиёр Азизов бо ариза муроҷиат намудааст. Ба иттилои манбаъ, 29 ноябр, тахминан соати 17:00 шахси номаълум аз назди ҳавлии истиқоматии ӯ мошини шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-21099», бо аломати қайди давлатии КА 2588 02 РТ-ро, ки беназорат меистод, дуздида, ба самти номаълум бурдааст.Вобаста ба ин дар натиҷаи дидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ва рабудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Даврон Бобоев, с/т 1989, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки қаблан соли 2014 бо моддаи 244 қисми 2-и КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт гардид.Алъон вобаста ба далели мазкур нисбат ба дастгиршуда Даврон Бобоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






