Дастоварди варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон
Душанбе, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар се моҳи охир варзишгарони кишвар аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш дар кишварҳои мухталиф доир гардидаанд, беш аз 40 медал ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёйҳӣ хабар доданд, аз 3-юм то 9-уми декабри соли ҷорӣ 70 нафар варзишгари дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквандо ИТФ дар чорабинии варзишии Ҷоми ҷаҳон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд ва варзишгарони кишвар дар ин чорабинӣ сазовори 39 медал: 10 медали тилло, 11 медали биринҷӣ ва 18 медали нуқра ба даст оварданд.
Инчунин дар Чемпионати ҷаҳон байни донишҷўён оид ба гўштини самбо, ки дар кишвари Кипр доир шуд, варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон оид ба гўштини самбо варзишгарони ҷумҳурӣ сазовори ду медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
Ёдрас менамоем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини кураши қазоқӣ паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҷумҳурии Қазоқистон мақоми дуюмро касб намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






