Даври 23-юми Ҷоми Иттиҳод дар Русия
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки дирӯз дар Хонаи футболи Русия баргузор гардид, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, мусобиқа аз 16-ум то 25-уми январи соли 2015 бо ширкати 12 даста, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.
Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд.
Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дастаҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард. Вале мунтахаби ҷавонони Украина, ғолиби мусобиқаи порсола ширкат намеварзад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






