ДДХ- ғолиби озмуни «Камолхонӣ»
Душанбе, 27.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Қасри ҷавонони вилояти Суғд миёни донишгоҳҳои вилоят озмуни «Камолхонӣ» доир гардид.
Тавре ки сухангӯи ДДХ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар озмун 9 нафар донишҷӯи соли дуввум ва сеюми факултаи филологияи тоҷик ва факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро иштирок намуд.
Дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо номи «Сеҳри мубин» аз рӯи шартҳои хониши ифоданок аз ашъори Камоли Хуҷандӣ, ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ, саволу ҷавоб аз рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ, навиштани абёти Камол бо хатти ниёгон ва намоиши саҳна доир ба рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ, ки барои озмун муайян шуда буд, бо гирифтани 45 хол байни панҷ донишгоҳи вилоят мақоми аввалро соҳиб шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






