Демократҳо ҳам номзадҳояшонро пешбарӣ карданд
Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар анҷумани 13-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон чор нафар ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардид, ки инҳо Саидҷаъфар Исмонов-раиси ҳизб, Маҳмудҷон Холов, Таваралӣ Зиёев ва Аҳмадшоҳ Комилзода мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол ҳизби демократи Тоҷикистон дар сафи худ 4980 аъзо дошта, дар Парлумони кишвар намоянда надорад.
То кунун аз ҳашт ҳизби сиёсии кишвар шаш тоаш анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор намуда, номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






