Дидори Хусрав Нозирӣ бо Умния Тоҳо
Душанбе, 26.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 24 декабри 2014 дар Қоҳира мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо мудири Идораи Аврупои дабирхонаи Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Умния Тоҳо баргузор гардид. Дар он мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ бар пояи тавофуқҳое, ки дар нахустин Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Риёз 13 майи 2014 ҳосил шуданд, баррасӣ гардиданд. Ҷомеаи давлатҳои арабӣ созмони минтақавии кишварҳои арабист, ки дар Қоҳира 22 марти соли 1945 таъсис ёфта, 22 кишвари узв дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






