Дидори Сафири Тоҷикистон бо вазири тандурустии Миср

Декабрь 24, 2014 09:44

 Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 23 декабри 2014 дар Қоҳира дидори Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо вазири тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Арабии Миср Одил Адавӣ баргузор гардид. 
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва бозомӯзии пизишкон дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи тандурустӣ ва саноати дорусозӣ, ки 6 июни 2008 дар Қоҳира ба имзо расид, баррасӣ гардиданд. 
Дар ин росто таъкид шуд, ки дар пойтахти кишвари мо бунёд гардидани нахустин корхонаи муштараки дорусозии “Делтоҷик Фарма” метавонад ба сифати намуна барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Миср дар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ хидмат кунад. 
 
 

Декабрь 24, 2014 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард