Дидори Сироҷидин Аслов бо Робин Орд-Смит

Декабрь 18, 2014 14:56

Душанбе, 18.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 18 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смитро бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи сафир баҳри густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар давоми  фаъолияти сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба комёб шуданд.
Дар навбати худ, сафир Орд-Смит барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷӣ  изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Британия муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно намуд.
 
 
 
 
 

Декабрь 18, 2014 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд