ДМИТ: Ҷамъбасти бобарори сол
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-26 декабри соли ҷорӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада баргузор гардид.
Тавре ки сухангӯи донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарзи донишкада Қиёмиддин Ёров барои ишғоли ҷои аввал дар озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Ворисони Ҷомӣ», ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муҳассилини макотиби олии кишвар баргузор шуд, бо Сипосномаи кумита сарфароз гардонда шуд.
Баъдан тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори донишкада Ашурбой Солиев оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои муассисаи таълимӣ дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ишора шуд, ки самти раванди таълим дар донишкада чун анъана дар асоси талаботи асноди меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, таълиму тарбияи мутахассисони оянда тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада тарбияи мутахассисони фаъол ва созанда, инчунин дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ, хештаншиносиву ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ тарбия намудани донишҷўён аст, ки ҳамаи ин барои ноил шудан ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2015 иҷрои вазифаҳои мушаххас муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо вазифадор шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






