Душанбе: баррасии мушкилоти ҳунармандон ва роҳҳои ҳалли он
Душанбе, 05.12.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода) — Мизи мудаввар дар мавзӯи «Иттифоқи ҳунармандон ҳамчун манбаъ барои ҳунармандони тоҷик” 5 декабр дар Душанбе доир шуд ва дар доираи он муҳокимаи масъалаҳои дастколои ҳунармандӣ таҳти назар гирифта шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади мизи мудаввар, ки аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид, муҳокимаи ҳолати ҳозираи соҳа ва роҳҳои беҳтар гардонидани он мебошад. Муҳокимаи ин масъала гирди худ ҳунармандон ва дигар ашхосони шавқмандро бо мақсади дастгирии ҳамоҳангӣ дар ин соҳа ва муҳокимаи нақши ташкилотҳои миёнарав дар рушд ва пешбурди ҳунармандии тоҷик ҷамъ овард.
Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, гузаронида шуд. Лоиҳа дар давоми ду сол мақсади кумак расонидан ба рушди соҳаи ҳунармандии тоҷикро дорад. Ин мақсад бо баланд бардоштани иқтидори корбарии Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон- ташкилоти асосии миёнарави ҳунармандӣ дар мамлакат амалӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






