Дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо

Декабрь 9, 2014 11:02

Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгари тоҷик Каюмарс Норов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён, ки дирӯз, 8-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр хотима ёфт, дар рақобатҳо дар вазни 52 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. 
Бояд гуфт, ки ин дувумин медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён дар Лимассол ба шумор меравад. Нахуст Ардашер Исмоилов, варзишгари тоҷик, рӯзи 7-уми декабр дар рақобатҳо дар вазни 57 килограмм барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо байни донишҷӯён, ки дар Лимассоли Кипр рӯзҳои 7-8-уми декабр баргузор гардид, 100 варзишгар аз  22 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро ба ҷуз Ардашер Исмоилов ва Каюмарс Норов, инчунин Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик, инчунин дар  мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони  14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
 
 
 
 

Декабрь 9, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд