Эҳтиром ба маъюбон ҳатмист
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳамасола 3 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин сана бо ибтикори факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар радифи омӯзгорону донишҷӯён, ҳамчунин муаллимону таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи махсуси ношунавоёни рақами 8-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, муовини ректор оид ба таълим Маҳмадтоҳир Нарзуллоев иброз намуд, ки ба ашхосе, ки нуқси ҷисмонӣ доранд, бояд бо меҳру муҳаббат ва эҳтироми хоса муносибат намоем. Онҳо низ узви ҷомеа ҳастанд ва набояд аз дигарон ҷудо бошанд.Декани факултаи педагогика Абдушукур Ғаффоров доир ба омоданамоии мутахассисон барои макотиби махсус ва раванди таълими фанҳои вобаста ба кӯдакони дорои маҳдудиятҳои узвӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф ҳамзамон таассуроташро аз сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Арманистон баён дошта, тазаккур дод, ки дар ин мамлакат барои беҳбуди шароити таълим ва зиндагии маъюбон корҳои зиёди шоистае анҷом пазируфтаанд ва моро низ мебояд, ки дар ин самт чунин корҳоро тақвият бахшем.Дар ҷамъомад тарбиягирандагони муассисаҳои махсус ва донишҷӯёни факултаи педагогика бо шеъру суруд ва рақсу тарона табъи ҳозиринро болида намуданд .








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






