Эъломияи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон”: конфронс
Душaнбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, терроризми байналмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар конфронси байналмилалии “Эъломияи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон”, ки чанде пеш дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар кори конфронс намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон М. Хайруллозода ва афсарони алоқаи агентӣ, ки дар Афғонистон фаъолият менамоянд, муаррифӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






