Фағонӣ хостори тавсеаи равобити парлумонӣ шуд
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити парлумонии Тоҷикистону Эрон 12 декабр дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ- Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба дипломати эронӣ дар бораи фаъолияти парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии тамоми пешрафтҳои иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвари мо тӯли солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, тавассути вакилони Маҷлиси намояндагон фароҳам оварда шудаанд.
Бо дахли масоили тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон нақши Эронро ҳамчун миёнҷӣ дар истиқрори сулҳу ваҳдати миёни тоҷикон арзишманд арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки байни Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати густариши равобити иқтисодӣ ва соири бахшҳо шароит ва заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Ба имзо расидани беш аз 100 санади ҳамкорӣ, фаъолияти корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон далели тавсеаи равобити ду кишвари ҳамзабон буда, дар ин замина ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Эрон солҳои охир хеле афзоиш ёфтааст. Ш. Зуҳуров ба дипломати эронӣ гуфт, итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сафири нав ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи дипломатияи Эрон бобати густариши равобити судманди Душанбею Теҳрон дар оянда хидмати арзишманде хоҳед кард.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдоф арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад.
Дар мулоқот ҳамчунин бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.
Мусоҳибон дар фарҷом аз сатҳи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори боз ҳам густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






