Фаъолияти гурӯҳи кории ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар дар бораи «Фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи ислоҳоти кишоварзӣ» дирӯз дар ҷаласаи васеъ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар мавзӯи «Ҷараёни иҷрои барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» сухан гуфт. Қосим Роҳбар дар доираи панҷ афзалияти татбиқшаванда: — диверсификатсия, ислоҳоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, рушди кооперативҳо, ислоҳоти сохторӣ ва ташкили хизматрасонии машваратӣ пешниҳодҳои мушаххас намуд. Ҳамчунин намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) дар Тоҷикистон Виорел Гутсу оид ба ҳамкориҳои самарабахш баҳри амалигардонии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатӣ оид ба идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров дар бораи «Фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти замин, роҳҳои минбаъдаи афзалиятнок баҳри татбиқи ислоҳоти замин» пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд. Зимни кори ҷаласа, дар доираи ҳамкориҳо бо Шарикони рушд, роҳҳои минбаъдаи рушди ислоҳоти кишоварзӣ, ислоҳоти замин, ислоҳоти бахши об, таҳияи механизми нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, низоми идораи соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи барномаи рушди иҷтимоии деҳот муайян гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






