Фаъолияти назарраси “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон”
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Таҷлили ҷашни фархундаи 5-солагии фаъолияти маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва муаллифони фаъоли нашрия баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар маросими тантанавӣ фаъолияти панҷсолаи маҷалла, бурду бохти он мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли қалами маҷалла тавонист дар ин муддат бо мазмуну муҳтавои баланд ва ахбори саҳеҳу саривақтӣ доираи хонандагонашро васеъ гардонад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






