Фардо намояндагони ВАО дар КМИР ҷамъ меоянд
Душанбе, 15.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар таъйин гардидааст, фардо дар Душанбе бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ мизи мудаввар доир мегардад. Созмондиҳандагони чорабинӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо /САҲА/ дар Тоҷикистон буда, интизор меравад, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Ҷумъахон Давлатов, раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аъзои КМИР Акбаралӣ Сатторов доир ба масъалаҳои нақш ва мақоми ВАО дар инъикоси омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ, тавассути ВАО ташкил кардани барномаҳои махсус доир ба шарҳи қонунгузории интихобот, тартиби ташкил кардани ташвиқоти барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида тавассути ВАО, тартиби аккредитатсияи намояндагони ВАО, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон маърӯза хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






