Фестивали байналмилалии хайриявии озуқа
Душанбе, 5.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 6 декабри соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани сафирони хориҷӣ дар маркази фароғатии “Ёқут-2000“ Фестивали байналмилалии хайриявии озуқа баргузор мегардад.
Намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар созмонҳову ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дастархон ороста, таомҳои миллии худро пешкаши меҳмонон мегардонанд.
Даромад ба Фестивали мазкур озод аст.
Барои ҳар як иштирокчии фестивал имконияти хубест, ки аз таомҳои миллии халқҳои гуногун истеъмол кунад.
Маблағи бадастомада аз ташкили фестивали мазкур барои мактаб-интернатҳо ва дигар муҳтоҷон хайр мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






