ФФТ Ҷоми президенти КФО-ро ба даст овард

Декабрь 3, 2014 16:37

Душанбе, 03.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли ҷорӣ “Дар бораи соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014” ба футболбозони ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшид.Бо қарори раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди футбол қабул гардида, бо назардошти имкониятҳои буҷети маҳаллӣ татбиқ шуда истодаанд.Инчунин бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) аз чор майдони футболи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ се майдони футбол пурра таъмиру таҷдид гардида, барои таҷдид ва таъмири майдони футболи чорум, ки хишти аввали он ҳангоми сафари Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер 25 марти соли 2014 гузошта шуд, оғоз гардид.Феълан дар ҷумҳурӣ аз рўи намуди футбол дар 103 мактаби варзишӣ 603 гурўҳбо теъдоди 5756 варзишгар тармим менамояд, ки ба онҳо 261 мураббӣ ҷалб шудааст. Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсуси футбол ва 1 академияи футбол фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбози наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.Инчунин дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд, таҷдид ва сохтмони варзишгоҳҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Ҷиргатол, Мўъминобод, Ховалинг, Бохтар, Носири Хусрав, Душанбе, Кўҳистони Мастчоҳ ва Ҳисор идома дорад.Илова ба ин, аз ҷониби дастаи футболи “Истиқлол” Академияи футбол таъсис дода шуд, ки барои дар оянда омода намудани футболбозони сатҳи баланд метавонад созгор бошад. Дар давоми соли 2014 кумита дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар асоси Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2014 баргузории 24 мусобиқаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасону ҷавонон, бонувон ва кормандони вазорату идораҳо ба нақша гирифтааст, ки нисбат ба соли 2011 18 адад зиёд мебошад. Танҳо дар доираи се марҳилаи Ҷоми “Тўби чармин”, ки дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ба он зиёда аз 2000 наврасу ҷавон фаро гирифта шуд.Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир футбол байни бонувон низ инкишоф ёфта, дар айни замон дар 4 минтақа 25 гурўҳ бо фарогирии 260 нафар бону таъсис дода шуд. Қобили зикр аст,ки заҳмату талошҳои ФФТ самараи нек ба бор овард. Дар шаҳри Манила моҳи ноябри соли 2014 зимни баргузории маросими супурдани ҷоизаи Конфедератсияи футболи Осиё, ки ҳамасола баргузор мегардад, Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷоизаи Ҷоми президенти КФО -ро баҳри рушди футболи кӯдакона ва оммавӣ ба даст овард.Ҷоизаи мазкурро Президенти КФО Шайх Салман бин Иброҳим Ал-Халифа ба нахустёвари Президенти ФФТ Хуршед Мирзоев супорид.Ҷоизаи мазкур якумин Ҷоизаи таърихии ФФТ аз ҷониби КФО буд. Ғайр аз ин дар доираи таҷлили соли Футболи оммавӣ, ки аввали соли 2014 аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардид, 25 фестивали футбол дар тамоми манотиқи кишвар бо ҷалби бештар аз 15 ҳазор кӯдак ва наврас доир гардид.Дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби ФФТ дар давоми сол баргузор гардиданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ФИФА Йозеф Блаттер, ҳамчунин бозингарони маъруфи дастаи собиқи Душанбе «Помир» ва «Спартак»-и Маскав аз зумраи Алексей Чередник, Ҳаким Файзуллов, Андрей Мананников, Олег Романцев, Георгий Ярцев, Вагиз Хидияттулин ва дигарон ширкат намуданд.Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи футболи кўчагӣ зери шиори « Футбол ба назди Шумо меояд» ФФТ дар 14 кӯчаи шаҳри Душанбе бозиҳои фудболро бо ҷалби 1200 кўдаку наврас баргузор намуд.Чунин дастовардҳо дар соҳаи футболи тоҷик баҳри рушди ин намуди зебои варзиш таъсири мусбат мерасонанд.

Декабрь 3, 2014 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст