ФИФА санаи мусобиқаи навбатии футболро эълон кард
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) санаи баргузории мусобиқаи навбатии қаҳрамонии футболро эълон кард. Ҷоми ҷаҳонӣ аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад,
Ба ҷуз ин, санаи баргузории мусобиқаи анъанавии Ҷоми Конфедератсия, ки як сол пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол барпо мегардад, эълон гардид. Беҳтарин дастаҳои мунтахаби қитъаҳо, мунтахаби Олмон- қаҳрамони феълии ҷаҳон, инчунин мунтахаби Русия- мизбони сабқат, барандаи нави Ҷоми Конфедератсияро, ки аз 17-уми июн то 2-юми июли соли 2017 доир хоҳад шуд, муайян мекунанд.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 11 шаҳри Русия-Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочи ва Екатеринбург- баргузор мешавад. Бозиҳои Ҷоми Конфедератсия дар чаҳор шаҳри Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ваҚазон барпо мегардад.
Дар ҳамин ҳол варзишгоҳҳои амалкунандаи футбол дар ду шаҳр — Маскав ва Қазон, ки дар он дастаи «Рубин» бозиҳои хонагиашро мегузаронад, мавҷуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






