Форуми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои ИДМ дар Маскав
Душанбе, 23.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Маскав бо дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) Форуми IX-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Рушди фазои дастаҷамъии гуманитарӣ дар ИДМ: дурнамои рушди ҳамкорӣ» баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар кори он намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Федератсияи Русия иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагон аз Академияи илмҳо. вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб намояндагӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки яке аз масъалаи асосие, ки дар Форум баррасӣ шуд — омодагӣ ва таҷлили 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд.
Масъалаи дигари Форум- ин муаррифии шаҳрҳои Кўлоб ва Воронеж ҳамчун пойтахтҳои фарҳангӣ дар ИДМ дар соли 2015 ба ҳисоб меравад. Зимни он раиси шаҳри Кўлоб А.Раҳмонов иштирокчиёнро бо мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои илмии шаҳр ошно намуд.
Ҳамчунин дар қисмати дуюми чорабинӣ иштирокчиён миёни худ роҷеъ ба масъалаҳои илму маориф, фарҳангу ВАО ва саҳми ҷавонон дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣ ва рушди туризм мубодилаи афкор намуданд. Дар бахши «Баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ-фарҳангӣ» муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат М. Муинӣ оид ба саҳм ва нақши ҷавонони тоҷик дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣ ва рушди туризми мамлакат сухан кард. Дар фарҷоми Форуми IX-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хуҷҷати ҷамъбастӣ қабул шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






