«Ганҷи сухан»-ҷамъбасти солонаи маҳфил
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров бо иштироки устодон ва донишҷӯён нишасти 123-юми маҳфили илмӣ — адабии «Ганҷи сухан» доир гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дар маҳфил роҷеъ ба навгониҳои илмиву адабӣ дотсенти кафедраи адабиёти классикии донишгоҳ Тоҷибой Султонӣ дар мавзӯи «Навгониҳои илмию адабӣ» ва адабиётшинос Мубашшири Акбарзод дар мавзӯи «Нигоҳи иқтисодӣ ба «Гулистони навин» маърӯза карданд. Дотсент Саидумрон Саидов дар бораи ҷамъбасти фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2014 ва нақшаҳо барои соли 2015 маълумот дод.
Иштирокдорони нишаст, аз ҷумла шоир Неъмат Оташ, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, масъули сафорати Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд андешаҳои хешро бобати беҳтар намудани мазмуну муҳтавои маҳфили «Ганҷи сухан» баён намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






