Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ
Душанбе, 31.12.2014.(АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби аъзои Маҳфили сарварони ҷавони назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 2-и шаҳри Душанбе кумак расонда шуд. Кумаки мазкур асосан аз маводи озуқаворӣ, ба монанди орду равған ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иборат буд. Инчунин ба тарбиятгирандагон китобу дафтар ва лавозимоти варзишӣ тақдим гардид. Дар саҳни ҳавлии Мактаб-интернат барои кўдакон дастархони идона, ки аз анвои гуногуни нуқлу шириниҳо иборат буд, ороста шуд. Дар Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 2-и шаҳри Душанбе асосан кўдакони имконияти ҷисмонӣ ва ақлонияшон маҳдуди аз 7 то 16 сола ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифта шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






