Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 миллиард долларро ташкил дод
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ).- Назар ба хабари Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз моҳи январ то моҳи октябри соли 2014 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 395 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 баробари 8,1 фоиз зиёд аст. Мувозинати савдо манфӣ буда, 2 миллиарду 771 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод. Тайи моҳи октябри соли равон Тоҷикистон бо 98 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва 88 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Тайи 10 моҳи соли 2014 – ум 45,3 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон, ё беш аз 2 миллиард доллари ИМА ба кишварҳои ИДМ ва 54,7 фоиз, ё 2 миллиарду 404 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.Касри мувозинати савдо бо кишварҳои ИДМ 1 миллиарду 571 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА ва бо кишварҳои хориҷи дур 1 миллиарду 200 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






