Густариши ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Муовини раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ аз Раёсати бонк бо намояндагони Бонки давлатии рушди Чин вохӯрӣ анҷом дод.
Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаи созишномаи хатти қарзии нав ба маблағи 10 миллион доллари амрикоӣ миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ баррасӣ гардид. Намояндагони «Амонатбонк» ва БДРЧ шартҳои охирони ин созишномаро баррасӣ намуданд ва созишнома барои имзо ба роҳбарияти бонк пешниҳод шуд.
Лозим ба зикр аст, ки миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва БДРЧ ҳамкориҳо густариш меёбанд. Мақсад аз гирифтани ин қарз, ки ба муҳлати 5 сол аз тарафи БДРЧ пешниҳод мегардад, дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар ва рушди соҳаи хоҷагии халқ аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






