Х. Саидзода: «Сарпрокуратураи ҳарбӣ далелҳои коррупсионии комиссарҳоро ошкор намуд»

Декабрь 9, 2014 14:32

Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Темурзода).-Дар моддаи 43-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи ватан, ҳимояи давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».  Оид ба ҳамин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия   Хайрулло Саидзода суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.
-Чанде қабл дар саросари кишвар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ анҷом ёфт. Вобаста ба ҳамин масъала дар Прокуратураи ҳарбӣ чӣ гуна ҷинояту қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд?
 
-Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” таҳти назорати доимии мақомоти Прокуратураи ҳарбӣ қарор дорад. Комиссияҳои даъват квотаи дар Фармони зикршудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо дар даъвати тирамоҳии соли 2014 пурра ва пеш аз муҳлат иҷро карданд. 
Мутаассифона, дар ҷараёни ин даъват низ баъзе шахсони мансабдори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ ба қонунвайронкунӣ роҳ доданд. Аз ҷониби ин шахсон ҷиноятҳои мансабӣ ва корррупсионӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Масалан, муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Ашт капитан Н. Аҳмадов барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани даъватшаванда О. Анорқулов аз сокини ноҳияи Ашт, ҷамоати деҳоти Понғоз Н.Ҷамолов пора талаб карда, 22-октябри соли 2014 тахминан соати 20:15 дақиқа дар дохили ҳуҷраи маишии бинои комиссариати ҳарбӣ ҳангоми гирифтани 50000 рубл дастгир шуд. Оид ба ин ҳодиса, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд 22-октябри соли 2014 нисбат ба Н. Аҳмадов бо аломатҳои моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, он пас аз ба итмом расонидани тафтишот ба суд фиристонида шудааст. 
 
-Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки комиссариатҳои ҳарбӣ барои иҷрои нақша шаҳрвандони дар ҳақиқат бемору ба хизмат ношоямро ба сафи Қувваҳои ҳарбӣ сафарбар мекунанд, оё ҳамин гуна далелҳо дар рӯйхати Шумо ба қайд гирифта шудаанд?
 
-Санҷишҳои прокурорӣ нишон додаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони бемор низ барои хизмат сафарбар мешаванд, ки ин шумораи ками даъватшавандагонро ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ бо 3 дараҷаи маҳдудият оид ба вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ ба хизмат сафарбар кардани ҷавононро низ иҷозат медиҳад. Илова бар ин, беморон худро дар қайди диспансерӣ нагузошта, солим намегардонанд. Дар натиҷа духтурон-мутахассисон низ бемории онҳоро наметавонанд  сари вақт ошкор кунанд. Новобаста аз ин, дар асоси муроҷиатҳо ин ҳолатҳо ҳаматарафа санҷида, аз натиҷаи онҳо қарорҳои қонунӣ қабул мешаванд.

       — Мегуфтед, ки кадом шаҳрвандон расман аз хизмати ҳарбӣ озод ҳастанд?
 
-Дар асоси моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод мешаванд:
   а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста шудаанд;
     б) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё алтернативиро адо мекунанд ё адо кардаанд;
          в) онҳое, ки дар давлати дигар хизмати ҳарбиро адо намудаанд;
   г) онҳое, ки унвони илмии номзади илм ё доктори илм доранд. 
   Шаҳрванде, ки барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда дорад, наметавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват  шавад.
       Шаҳрвандони зерин барои озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:
  а) онҳое, ки падар (модар) ё бародарашон (хоҳар) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудааст ё вафот кардааст;
  б) онҳое, ки дар оила писари (писархонди) ягона мебошанд.
 
-Ба фикри Шумо, чӣ бояд кард, ки ҷавонон бештар ба хизмати Ватан ҷалб карда шаванд? То ҷое, ки ман маълумот дорам, дар баъзе кишварҳо хизмати ҳарбӣ аз тариқи шартномавӣ бо гирифтани музд ба роҳ монда шудааст, ки ин як воситаи ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад. Ба андешаи Шумо вақти он нарасидааст, ки дар кишвари мо низ ҳамин масъала ҷорӣ шавад? 
 
Бо назардошти иҷрои меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 43-и он баҳри хуб ба роҳ мондани даъват ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани сифат ва ҳолати тахассуси ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат пеш аз ҳама бояд тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ уҳдадории ҳарбии худро бевосита иҷро кунанд. Аз ин рў, ҷавонон бояд дар руҳияи садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат ба он, аз муассисаҳои тарбиявии томактабӣ (боғча) сар карда, то муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ тарбия гиранд. Барои дилгармии онҳо ташкили вохўрӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, машқҳои таълимии саҳроӣ, шиносоӣ ва омўзонидани касби ҳарбиро ташкил кардан лозим аст. Дар навбати худ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ бояд имтиёзҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ низ пешбинӣ шаванд. Дар айни замон, таклифҳо оид ба кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ аз рўи даъват, имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кор дар муассисаҳои давлатӣ танҳо баъди адои хизмат ва ғайра пешниҳод шудааст.
 
-Дар ҳолати саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ  аз ҷониби масъулин чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? 
 
        -Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони ҷинси мард аз 18 то 27- сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё мавқуф гузоштани хизмати ҳарбиро надоранд, даъват мешаванд.
        Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳое ҷой дорад, ки шахс баъди гирифтани даъватномаи комиссариати ҳарбӣ оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ бе  сабабҳои узрнок дар муҳлати таъйиншуда ба даъватгоҳ ҳозир намешавад.
        Барои саркашӣ намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дар моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. 
         Дар қисми 1 моддаи мазкур омадааст:  саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин,  саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан. Қонунгузор барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ менамояд. 
          Қисми 2-и ин модда ҷавобгарии ҷиноятиро барои  саркашӣ аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳи: ба худ расонидани зарар ба саломатӣ ва бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар ҷавобгариро бо муҳлати аз ду то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.
          Дар сурати то ба суд супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шудани даъватшаванда, ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешавад.
         Агар даъватшаванда аз даъвати навбатӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ  бе сабабҳои узрнок ҳозир нашавад, шахсони масъули комиссариатҳои ҳарбӣ вазифадоранд, ки оид ба ин ҳолат мавод тартиб дода, барои чораандешӣ ба мақомоти прокуратура ирсол намоянд
 
-Ба наздикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуда буд, ба тариқи авф чанд нафар ҳарбии маҳкумшуда озод шуд?
 
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дар руҳияи инсондустӣ бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20 солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба имзо расонид. Баъди қабули қонуни мазкур то 5 декабри соли 2014 80 нафар хизматчии ҳарбӣ аз тарафи мақомоти прокуратура ва судҳои ҳарбӣ мавриди амали он қарор дода шуд.
Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти тафтишот нисбат ба 51 нафар айбдоршаванда ва нисбат ба 29 нафар маҳкумшуда санади авф татбиқ гардид.
 
-Ҳангоми қасдан фирор намудан аз қисми ҳарбӣ чӣ гуна ҷазо дода мешавад? 
 
-Мутобиқи талаботи моддаи 375 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан фирор намудан аз қисми ҳарбӣ хизматчии ҳарбӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ин модда, ҷинояти фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат карда истода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншударо муқаррар ва барои он дар қисми якум ҷавобгарии ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.
Қисми 2-юми он барои ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахси ҳайати афсарӣ, прапоршик ё хизматчии ҳарбие, ки дар асоси қарордод хизмат мекунад, содир шудаааст, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол муқаррар менамояд.
Қисмҳои 3 ва 4-уми моддаи мазкур нисбат ба ашхосе татбиқ мегарданд, ки бо яроқ, ё дар ҳайати гурўҳ бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил фирор кардаанд, ё инчунин дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг фирор кардаанд. Қисмҳои мазкури моддаи 375 Кодекси ҷиноятӣ  мувофиқан ҷавобгарии ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои аз панҷ то даҳ ва аз ҳафт то дувоздаҳ сол пешбинӣ мекунанд. 
Мувофиқи эзоҳи моддаи мазкур агар хизматчии ҳарбие, ки кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин моддаро бори аввал содир кардааст, ё ихтиёран дар муҳлати 3 рўз омада ба гуноҳаш иқрор шудааст ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод  шавад. 
 
 
 

Декабрь 9, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
AJP TOUR TAJIKISTAN. Дар Душанбе нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор шуд
Шакли муосири шарикӣ: густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар ин мавзуъ
Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Корҳои бартарафсозии оқибати сел дар Нуробод ва Варзоб идома доранд»
ОГОҲИИ АГЕНТИИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бештар мешавад
Ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо кард
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир намуд
Тобистонро дар Интернет бо манфиат гузаронед